БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ТАТБИҚ ГАШТА ИСТОДААНД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази санитарию  эпидемологӣ»-и ноҳия хониши сиёсӣ ва иҷрои  амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҳизб  гузаронида шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода  оид ба   масъалаҳои  тозагии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати санитарию эпидимиологӣ  ва бехатарии озуқаворӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солимии ҷомеа диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро  таҳким бахшида истодааст.

Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо иштирок масъулин  аз бозори Марказии ноҳия  оид ба риоя кардани вазъи санитарии эпидемиологии молу маҳсулоти  хӯрока  дидан намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg