БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ АСОСИИ ҲХДТ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРИСТ!

ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ.  Масъулини Кумитаи иҷроияиҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Даҳбеди Самарқанд»-и ҷамоати деҳоти Ғайрат дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир намуданд.

Зимни баргузории хониши сиёсӣ масъулини ҳизбӣ дар мавзӯъи моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омилӣ асосии нигоҳ доштани сулҳу суботу амнияти кишвар, ҷалби бештари сокинон ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ, корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани сатҳи бекорӣ дар деҳаву маҳаллаҳо ва фарогирии аҳолии деҳот бо шуғл суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, сокинон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ҳашар баромада, як қатор корҳоро,  аз қабили сангфарш намудани роҳҳои ҳудуди деҳа ва сохтани пулро дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба анҷом расонданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg