БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАРБИЯИ ҒОЯ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ КАЛОН АСТ

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Боиси шукргузорӣ ва фараҳмандист, ки бо шарофати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон зери таваҷҷуҳи бевоситаи давлату ҳукумат қарор доранд, бинобар ин вазифадоранд, ки бо ҳисси баланди ватандўстӣ ва хештаншиносӣ дар  пойдории сулҳу суботи кишвар саҳмгузор бошанд. Имрўзҳо нақши ҷавонон дар тарбияи ғоя ва арзишҳои миллӣ калон аст  - иброз дошт дар баромадаш Файзизода Каримҷон дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии маҳаллаи Гушуни ҷамоати деҳоти Меҳвар.

Баъд аз баромадҳои судманд раиси ташкилоти ибтидоии Гушун Ташрипов Сайдамир баромад намуда қайд намуд, ки ҷавонони деҳаашон дар баргузор намудани чорабиниҳои ҷамъиятӣ дар маҳал ва дар ноҳия фаъолона иштирок менамоянд. Боиси қайд аст, ки деҳаи Гушун нақшаи даъвати баҳории хизмати ҳарбӣ ва нақшаи равон кардани ҷавононро иҷро намудааст.

Дар охир, ҷавонони маҳал бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар иброз доштанд, ки дар роҳи созадагиву ободонии кишвар ҳиссаи арзандаи худро гузошта сазовори эътибори Пешвои миллат мегарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg