МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Сармайдон»-и ҷамоати деҳоти Деҳибаланд оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат масъулин ҳизбӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, сари вақт пардохт намудани андозҳо ба буҷаи давлат ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.
Вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳамагон ба корҳои ободониву созандагӣ машғул гардиданд.