КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён бахшида ба 25- солагии таъсисёбии ҲХДТ ва Рӯзи Ҷавононони Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён байни аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз рӯйи намуди волейбол мусобиқа варзишӣ баргузор карда шуд.
Дар мусобиқа намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок намуда, ҷавононро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид карданд, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани мусобиқаи мазкур пеш аз ҳама баланд бардоштани завқи худшиносии миллӣ, рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш маҳсуб меёбад.
Инчунин, гуфта шуд, ки баргузории чунин мусобиқаҳо байни ҷавонон дӯстиву якдигарфаҳмиро тақвият бахшида, ҷамъиятро ба ташаккули тарзи ҳаёти солим раҳнамун месозад.
Дар охир ба ғолибони муосбиқа туҳфаҳои таъсиснамудаи ҳизбиён супорида шуд.