КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Созандагони – 2” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар мулоқот директори Донишкадаи техология ва менеҷменти иннговатсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Ниёзӣ Акбар ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созандагони – 2” Зулфов Муҳаммадҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан, Ниёзӣ Акбар ба сухан баромада, қайд кард, ки ҳизби мо ба ҷавонон ҳамчун ворисони созандаи имрӯзу фардо ҳамеша эътибори ҷиддӣ дода, иқдомҳои шоиста ва ташаббусҳои созандаи онҳоро барои ободиву пешрафти кишвар дастгирӣ менамояд. Яъне ҳадафе, ки ҳизб пайгирӣ кардааст ин ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод ба хизмати давлатӣ ва зина ба зина тарбия намудани роҳбарони ҷавон аст, ки минъбад барои рушди давлат ва ҷомеа хизмат хоҳанд кард.
Мавсуф дар идома қайд кард, ки мо омӯзорон бо ҷанибдорӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Сарвари давлатамон ҷавононро дар роҳи дуруст тарбия карда, кӯшиш хоҳем кард, ки то нерӯи зеҳниву ташкилотчигии онҳоро дар корҳои судманди илмиву эҷодӣ ва роҳбарӣ сафарбар намоем.
Дар фарҷом ба аъзои нави ҲХДТ барои шомил шудан ба сафи ҳизб шаҳодатномаҳо дар фазои тантанавӣ супорида шуд.