ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷоннок намудани фаъолияти таблиғотӣ ва роҳандозии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Якдилон»- и ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав бо иштироки фаъолони маҳала, занону бонувон ва ҷавонон вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, даъвати навбатии ҷавонон ба ҳизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба касбомӯзӣ ҷалб намудани духтарон ва ҳамкории падару модар бо мактаб андешаронӣ намуданд.