БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АМАЛҲОИ ХУНХОРОНАИ ТЕРРОРИСТОНРО САХТ МАҲКУМ КАРДАНД

ЛЕВАКАНТ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Баҳор» оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ  доир  гардид.

Масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ,  пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, расонидани моҳияти Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карданд.

Инчунин дар вохӯрӣ, атрофи ҳодисае, ки санаи 19.05.2019 дар муассисаи ислоҳии (зиндон)-и №3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо ҷурми терроризму экстремизм ва пайвастан бо ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буданд, бетартибӣ анҷом дода шуд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса зиёда аз 30 нафар ба ҳалокат расида, дар миёни онҳо 3 нафар кормандони ин муассисаи ислоҳӣ низ мебошанд. Иштирокдорони ин вохӯрӣ, ҳодисаи ба амаломада, ки махсус аз ҷониби террористон анҷом дода  шудааст, сахт  маҳкум  намуданд.

Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба рангу бор намудани бинои истиқоматӣ ва тозаю озода намудани гирду атрофи он  машѓул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg