БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОИРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “деҳаи Ҳилолӣ”-и ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара  хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ Суфизода Шодмон раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Оқсу иштирок намуда, ҷиҳати  дастаҷамъона саҳмгузорӣ дар тезонидани корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи самараноки барномаҳои созандагии рушди маҳал ва деҳот, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, хатарҳои терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва тундгаро, беҳдошти саломатӣ, пешгирии аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО ва БПНМ, тозагии оби шомиданӣ ва санитарии об дар доираи татбиқ ва ҷонибдорӣ аз ҳадафҳои ташаббуси чоруми сатҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои устувор, 2018-2028” суҳбат намуд.

Инчунин, зикр гардид, ки терроризму ифротгароӣ аз ҷумлаи зуҳуроти манфӣ ва номатлуб ба ҳисоб меравад, ки пеши роҳи ташаккули ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро гирифта, манфиатдорон ва бадхоҳон аз ҳолати баамаломад ғаразҳо ва манфиатҳои худро амалӣ менамоянд ва мо ҷомеа бо якдилӣ терроризму ифротгароиро маҳкум менамоем.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg