БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАКТАБ ДАСТГОҲИ МУҚАДДАС, ОМӮЗГОР ШАХСИ МӮЪТАБАР АСТ!

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Охбулоқ”  бо омӯзгорони муассисаи таълимии миёнаи умумии №4 вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар суҳбат масъулини ҳизбӣ оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда,  зикр намуданд, ки дар Паёми соли сипаригардида, оид ба соҳаи маориф ва паст будани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ аз ҷониби Сарвари давлат эродҳо гирифта шуд ва барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба мақомотҳои дахлдор   супоришҳои мушаххас дод шуд.   

Бояд гуфт, ки таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон дуруст ба роҳ монда шавад. Дар баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон омӯзгорон  нақши калидӣ доранд. Пас бояд барои донишомӯзии фарзандон ва насли наврасу ҷавон шароитҳои хуби таҳсилро фароҳам оварем, то ки насли солиму тарбиятдида, ташаккул ёфта, барои ободию пешрафта ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg