Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулобод”-и ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Сараввал, Содиқова Меҳрубон - муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баромад намуда, қайд кард, ки моро зарур аст то инфрасохтори деҳотро ба сатҳи муносиб баланд бардорем ва дар самти унсурҳои аввалиндараҷаи он-бунёди мактабҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, варзиш ва истироҳатӣ чораҷӯӣ кунем ва дар ин раванд, барои нигоҳ доштани генофонди миллат аз таъсири манфии хатарҳои муосир тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем.