БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ ДАР РОҲИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ҚАДАМ МЕНИҲАНД!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ бо сокинони деҳаи Бакодараи ҷамоати деҳоти Лангардара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   вохӯрӣ доир гардид.

Назарзода Толибҷон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия зимни баромад дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти  болоии ҲХДТ, аз ҷумла дар мавзӯи  «Коррупсия- муқовимати ту аҳамияти калон дорад!», «Ташаккули тарзи ҳаёти солим» андешаронӣ намуд.

Инчунин, мавсуф дар идома  аз вазъи имрӯзаи минтақаву ҷаҳон ёдовар гашта, иштирокдоштагонро аз паёмадҳои ногувору хатарзои терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб огоҳонида, ҳушёриву зиракии сиёсиро таъкид сохт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg