![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/Lenovo_A1000_IMG_20190520_160907.jpg?itok=xsjpeX-Z)
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Хониши сиёсӣ дар корхонаи дӯзандагии «Зебо» -и ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ дар назди ҷамъомадагон доир ба сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ андешаронӣ карда, аз онҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат раҳнамоӣ карданд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба тарбиятгирандагони Мактаб- интернати ноҳия сару либоси тобистона тақдим карда шуд.