ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии “Ғайрат” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Зимнан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Раҳмонов Далер вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои оинномвию барномавии он,ки азсиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, суханронӣ намуд.
Дар охир иштирокчиён ба хештаншиносӣ, ифтихор доштан аз Ватани ободу озод, саҳм гузоштан дар ободкорию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуданд.