ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Вохўрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Араб»-и ҷамоати деҳоти Меҳвар дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва ҷиноятҳои муташаккил», ки бо ташаббуси Тоҷикистон санаи 17 май дар шаҳри Душанбе, доир гардид, баргузор шуд.
Зимни баромади худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди хислати фаромарзӣ гирифтани фаъолияти созмонҳои террористӣ, ки қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дар бар мегирад, хотирнишон сохт. Дар баробари терроризм гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хатарбор буда, маблағҳои аз он ба даст омада яке аз сарчашмаҳои таъминоти молиявии терроризм мебошад. Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва мабалғгузории он ҳамеша омодаи ҳамкорӣ мебошад.
Дар охир аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар мебориза бо ин зуҳуроти номатлуби аср – терроризм аз оила, мактаб, ҷойҳои ҷамъиятии маҳал корро оғоз намоянд. Ҷавононро дар рўҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоянд.