МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Бӯстон»-и ҷамоати деҳоти Деҳибаланд дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат масъулин оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, сари вақт пардохт намудани андозҳо ба буҷаи давлат ва моҳияти Аксияи ҳизбӣ «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуданд.
Вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба корҳои ободонӣ машғул шуданд.