ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷоннок намудани фаъолияти таблиғотӣ ва роҳандозии корҳои хайру саховат дар моҳи мубораки Рамазон дар ташкилоти ибтидоии «Муборакқадам»- и ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов бо иштироки фаъолони маҳала, занону бонувон ва ҷавонон вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Абдуллоева Саёҳат намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба низоъҳои навбатӣ дар муассисаи ислоҳии 3/2 –и Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии ВАҶТ воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз маҳбасҳои давлати Ироқ, даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҳамкории падару модар бо мактаб андешаронӣ намуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби мудири шуъбаи тиббӣ машваратии ҷавонони назди беморхонаи марказӣ С.Иззатуллоева оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, никоҳи хешу таборӣ ва саривақт муоина намудани занони ҳомила андешаронӣ карда шуд.