ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Дар ташкилоти ибтидоии “Оқсу”-и деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баромад намуда, оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат , дасти ёрӣ дароз кардан ба маюбону барҷомондагон, обод намудани роҳҳои байни деҳа, омӯзиши ҳунар ва илмҳои замони муосир, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, сари вақт супоридани андози истифодаи заминҳои кишт ва манзилҳои истиқоматӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда, онҳоро ба ободкорию созандагӣ ҳидоят намуд.