БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТОНУ ЭКСТРЕМИСТОН САБАБГОРИ НОУСТУВОРИИ ВАЗЪ ДАР ТАМОМИ ҶАҲОН МЕГАРДАД!

ВОКУНИШ. Дар ҷаҳони имрӯза сабабгори ноустувории вазъ, таъдиду монеашавӣ ба рушду нумӯи дилхоҳ кишвар ва ба миёни омадани бертартибиҳо маҳз аз падидаҳои таррерористон буда, барои сарнавишти дилхоҳ давлат хатари бузург дорад.

Қатлу куштор, хунрезӣ, ваҳшоният ва тарсондани шаҳрвандони оддӣ аз амалҳои даҳшатбори гурӯҳҳои ифротиву тунгаро ба ҳисоб меравад, ки нобасомониҳои давлатҳои Сурияву Ироқ ва вақтҳои охир дар Афғонистон, Зеландияи нав ва Шри-Ланка бараъло далели ин гуфтаҳои мо мебошад.

Далели ин гуфтаҳои мо рӯзи 19 майи соли 2019, соати 21.30 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401 прим. 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартибӣ ба амал омад, мебошад.

Ва бинед, ки ташкилкунандагони ин бетартибӣ аъзои созмони террористиву эктремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи «Давлати исломӣ» буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод — писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло, ки дар муассисаи ислоҳӣ “шаби хунрезӣ” ташкил карданд. Ин вазъ боиси марги кормандони муассисаю дигар маҳбусони осоишта гардид.

Хушбахтона, низоми муқаррарӣ дар муассиса, ки дар он якуним ҳазор нафар маҳбусон адои ҷазо мекунанд, саривақт барқарор карда шуда, вазъият зери назорат қарор дорад.

Аз ин нуқтаи назар бар меояд, ки террорияту экстремист ҳар ҷое, ки бошад, дар он нуқта ҳатман, ки ноосудагӣ ба вуҷуд меояд.

Мо сокинони шаҳри Кӯлобро ин ҳаводис бетараф нагузошта, ин амалҳои ваҳшиёнаро комилан маҳкум месозем.

Дар ин росто метавон аз таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуд, ки гуфтаанд: “Террористро ба худиву бегона, ислоҳотхоҳу тундгаро ва неку бад ҷудо намудан мумкин нест ”.

Чунин омил бори дигар моро ҳушдор мекунад, ки барои террористон ҳамагуна арзишҳои инсонӣ бегона буда, имрӯз ягон давлати дунё аз хавфи амалҳои террористону ифротгароён эмин буда наметавонад. Ва барои пойдории сулҳу субот ва ваҳдату осоиштагии Ватанамон пеш аз ҳама ҷаҳду талош намоем, зеро ин роҳ ягона роҳест, ки моро ба зиндагии босаодат мерасонад.

Алиев Ҷумахон, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg