БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУЧАКТАРИН СОЛИМАҚЛИ МИЛЛАТ ЧЕҲРАИ ВОҚЕИИ АЪЗОИ ГУРӮҲҲОИ ИРТИҶОИРО ШИНОХТ

ВОКУНИШ.Тибқи нақшаи пешаки созмони терреристию экстремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун мамнўъшудаи «Давлати исломӣ» санаи 19.05.2019 соати 21:30 дақиқа дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, аз тарафи ҳамин созмони хуношом боз як амали террористии хунин сурат гирифт, ки дар ҷараёни он 3 тан кормандони муассиса майор Бурҳониддин Муродов, майор Абдуҷаббор Ҳалимов, лейтенанти калон Асоев Маҳмуд Ҳамидович ва чанд тан маҳбусон: аз ҷумла Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович ва Сатторов Саидмаҳдихон (Шайх Темур), ки дар муассисаи мазкур адои ҷазо менамуданд, тавассути корд ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки гурўҳи ҷиноятпешаи зиндоние, ки тибқи нақшаи пешакӣ бо мақсади фирор аз маҳбас вазъи дохилии муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдатро ноором сохтанду дар натиҷа ба қатлу куштор даст заданд, таҳти роҳбарии Беҳрўзи Гулмурод – писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки ба ташкилоти террористь-экстримистии «Давлати исломи» пайвастааст ва тибқи баъзе маълумотҳо дар Сурия кушта шудааст ва тибқи баъзе маълумотҳои дигар зинда мебошад, ба амалкарди комилан сангини ғайриинсонию нобахшиданӣ даст задааст.

Хонандаи азиз, бе муҳобот касе нест, ки ба гурўҳҳои террористию экстремистӣ даст задаю аз пушаймонӣ ба дандон сари ангушт нагирифта бошад. Барои онҳо танҳо як роҳ аст, ки поёнаш аҷал асту халос. Чунки ин палидон зархаридони душманони берунимарзии миллати тоҷик мебошанд, ки бо пули ифлос кайҳо харида шудаанд. Худи Гулмурод Ҳалимов бо чор пули ҳаром солиёни зиёд дар Тоҷикистон ҳамчун агенти гурўҳҳои террористию экстремистӣ фаъолият менамуду дар навбати худ амалиётҳои террористиро дар кишвар тарҳрезӣ менамуд. Баъди ифшо гардидани хоиниаш бо дасту пойи худаш рафта, ба гурўҳҳои террористӣ пайваст ва дасташ, ки барои хиёнат кардан ба Ватан кӯтоҳ буд, ин навбат писараш Беҳрўзро дастур дод то амали разилонаро анҷом диҳад.

Баъди бо чунин амалиётҳои хунин падид омадини чеҳраи аслии ин гурўҳҳои хоини манфиатҷў, бори дигар нафрати миллати тоҷик бар сари ин зуҳуроти хатарзо афзун гардид ва итминони қавист, ки кучактарин солимақли миллати тоҷик чеҳраи воқеии гуруҳҳои иртиҷоиро шинохта, дарк намудаанд, ки онҳо ба худ ҳадафҳоеро доранд, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ ворид намуданаш аз аҳамият холӣ нест. Аз ин ба баъд бо боварӣ гуфта мешавад, ки фаъолияти гурўҳҳои иртиҷоӣ рў ба коҳиш аст. Чун набояд каси солимақл аз миллати тоҷик ба сафи ин гургсифатон ворид гардад. Гузашта аз ин бо фармоиши сарпарастони гурўҳҳои иртиҷоӣ анқариб рўзе нест, ки сари чанд нафар вақтрасидаро аз тан ҷудо насозанд, ки ин амалашон мақоли «Хас каму, ҷаҳон пок»-ро дар пай мемонад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун тасмим дорад, ки атрофи ҳодисаи хунини ба амал омада, дар тамоми ташкилотҳои ибтидоӣ ва деҳаву маҳаллаҳо вохўрӣ доир намуда, дар маҷмўъ 138 ҳазор аҳолии ноҳияро аз амали ноҷавонмардонаи ин хоинони Ватан огоҳ созанд ва ҳамроҳ бо онҳо масъалаи мазкурро мавриди муҳокима қарор дода маҳкум намояд.  Мо метавонем!!!

 

Насим Сабурзода-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg