БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИСТ ҲЕҶ ГОҲ БАДАЛ ШУДАНӢ НЕСТ!

ВОКУНИШ. Тариқи шабакаҳои иттилоотӣ аз воқеаи нохуши шаби 19-уми май дар муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат ба вуқуъомада огоҳ гашта, бори дигар мутмаин бар он шудам, ки террорист эътиқод ба ҳеҷ дин надорад ва ҳеҷ муқаддасоте барояш мавҷуд нест. Таассуфовар он аст, ки дар пайи бетартибиҳои дар ин муассисаи ислоҳотӣ роҳандозишуда, боз ҳам хуни инсон ба замин рехт. Боз ҳам хонаи касе ғамхона шуду навҳаи модаре ба афлок дакка хӯрд. Бигзор барои адои ҷазои гуноҳҳои вазнин паси панҷараҳои зиндон қарор доштанд, вале ҳеҷ кас ҳақ надошт ба ҳайси қозӣ ё довар қатлу куштори онҳоро амалӣ намояд.

Ин махлуқони одамсурат, ин аъзои ҳизбу ташкилотщои терористии дуруғин бо ин амали разилонаи худ исбот намуданд, ки террорист ҳеҷ гоҳ бадал шуданӣ нест. Ин нафарони чашмашон хунгирифтаву дуршуда аз хислатҳои инсонӣ куҷое, ки набошанд террорист боқӣ мемонанд. То ин андоза паҳн шудани терроризм ва хавф ба ҳастию нести инсоният доштанашро ҳанӯз солҳо қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои дунё аз минбарҳои баланд ҳушдор дода гуфта буданд: «Мо бояд дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашшадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс тавре, ки ман борҳо таъкид карда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад». Бо ин суханон Пешвои маҳбуби мо ҳамдастию мутаҳиддии тамоми ҷомеаи ҷаҳониро дар муқобили ин вабои аср амри зарурӣ донист. Акнун дурустии ин суханон исбот шудаву бисёр давлатҳои абарқудрати ҷаҳон пеши ин падидаи номатлуб дармондаву бечора гаштаанд.

Аз рӯйи иттилои баъзе манбаъҳо ин ошуб дар натиҷаи ба миён омадани ихтилофҳо дар миёни тарафдорони мазҳаби салафия ва аъзои давлати ба ном исломии Ироқу Шом ба вуқуъ пайвастааст. Аъзои ин ду гурӯҳи хуношом, ки худро «ҳомиву пуштибони дини Ислом» эълом медоранду ҳар кадом ақидаву ғояҳои бофтаву сохтаи худро, ки бештари онҳо аз фармудаҳои дину мазҳаби мо комилан дуранд, роҳандозӣ менамоянд, бо ин амалҳои ғайриинсониву ваҳшиёнаи худ ба ҷуз иснод овардан ба ин дини поку ростӣ муваффақ ба чизе нашудаанд. Аз рӯйи фармудаҳои шариати дини Ислом дар моҳи шарифи Рамазон ҳар нафари мусулмон бояд забони худро аз суханони баду қабеҳ нигоҳ дорад, худро аз хислатҳои бад аз қабили кина варзидан, ғайбату туҳмат кардан, дурӯғ гуфтан, иғвоангезиву ошубгароӣ ва ғайраву ҳоказо канор гирад. Рехтани хуни ноҳақи инсон аз рӯйи фармудаҳои дини Ислом ва хоса дар ин моҳи муборак амали зишту манфур ба нобахшиданӣ (кабира) ҳисобида мешавад. Имрӯз ин амалкарди ваҳшиёнаи ҳайвонсиратони одамсуратро тамоми мардуми тоҷик сахт маҳкум карда, иброз менамоянд, ки бо ин роҳ ҳеҷ гоҳ ба амнияту осоиштагии кишвари мо халал ворид намегардад ва он гурӯҳу созмонҳое, ки хоҳони ба вуҷуд овардани ваҳму ҳарос ҳастанд комёб нахоҳанд шуд. Зеро мо акнун давлати муттаҳиду воҳидем ва ба ин гуна иғвогариҳо муқобилат карда метавонем.

 

Ватанзода Саидҷаъфар, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg