БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ХОИН ХОИН МЕРӮЯД!

ВОКУНИШ. Санаи 20.05.2019 тариқи шабакаҳои телевизиони хабардор гаштем, ки гӯруҳи террористони аъзои созмони террористию экстремистии дар ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъи «Давлати исломӣ» бо сардории Беҳрӯзи Гулмурод фарзанди палковники фирории хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат маҳкум шуда буданд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартибӣ ба амал оварданд. Дар нитиҷа аз дасти ин хоинони давлат чанд нафар корманди муассиса ва маҳбусон кушта шуда ва чанде аз маҳбусони дигар захмдор гардиданд. Ин амали даҳшатноки террористӣ ба хотири фирор ё ба хотири ноором сохтани сулҳу суботи Тоҷикистони азиз ба анҷом расонидан мехостанд, вале террористон аз тарафи мардони далеру шуҷоъи Ватан несту нобуд карда шуданд.

Ин гурӯҳи хуношом барои Тоҷикистонро ба хун оғушта кардан беш аз ҳазор нафарро ба кишвари сарпарасташ барои гирифтани таълимоти террористӣ фиристода буд. Мардум аз ин кори сиёҳашон бояд огоҳ бошанд. Устод Лоҳутӣ дар солҳои 30-юми асри гузашта нисбати душманони сохти нави ҷамъият гуфта буданд: « Гург ин мартаба дар ҷомаи меш омадааст…» Аз ин лиҳоз барои мо лозим аст, ки зираку ҳушёр бошем, ҳамон душманонамон дар шаклу намуди дигар пайдо шуда истодаанд.

Аз ин лиҳоз, ҳамватанони азиз, террористон дар кишварҳои ҷангзада бо терроризми байналмилалӣ бо сад роҳу восита иртибот доранд. Фаромӯш накунем, ки сулҳу ваҳдат ва оромию тинҷии кишварамон бо баҳои ҷон ба даст омадааст, ки ба қадри он бояд расем ва аз ин хатар фарзандонамонро низ огоҳ гардонем.

Дӯстов Рустамҷон, муовини раис – мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg