БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ВА ХАТАРИ ИФРОТГАРОӢ!

ВОКУНИШ. Мусаламаст, ки ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб рафта, гурӯҳҳои сиёсиву динӣ ба хотири амалӣ намудани манфиатҳои сиёсиву геополитикии хеш аз ин гурӯҳ самаранок истифода менамоянд. Яке аз  муҳаққиқи тоҷик Шаъбонов Н.Н. қайд намудааст: «Ҷавонон ҳамчун гурӯҳи муайяни ҷамъиятӣ барои ҳокимият ва ҳукумат метавонад ҳамчун қувваи ҳимоятгар, таҳрикдиҳанда ва ё муқовиматкунанда аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳо ва ҳатто шахсони алоҳида истифода гарданд». Инқилобу бетартибиҳо ва ошубҳое, ки вақтҳои охир дар давлатҳои гуногуни олам ба вуқуъ омада истодааст, на аз ҷониби бузургсолон, балки аз ҷониби қисми зиёди ҷавонон роҳандози гардида истодаанд.

Аз рӯи маълумот қисме аз аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъшудаи бо ном «Давлати исломи»-ро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки сабаби асосии воридшавии онҳо ба чунин созмони ифротии динӣ паст будани саводи динӣ ва ҷаҳонбинии тангу торики онҳо мебошад. Муҳақиқону Сиёсатшиносон бар он ақидаанд, ки сабабҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ ва паҳн гардидани таассуб дар байни ҷавонон омили иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маърифатӣ, динӣ ва ғайра дорад, ки умуман хатари созмонҳои ифротиро барои миллати тоҷик, ҷомеаи тоҷик, давлати Тоҷикистон ва умуман аҳли башар бисёр ҷиддӣ буда, бетарафӣ ва бепарво будан нисбат ба ин падида оқибатҳои ниҳоят бад дорад. Махсусан бо дарназардошти фарҳангу анъана, шакли диндорӣ, шароити иҷтимову иқтисодӣ, сиёсиву геополитикӣ, мушкилоту хатарҳои минтақаи Осиёи Марказӣ паҳн гардидани ифротгароии динӣ мушкилоти зиёдро ба миён меорад.

Имрӯз дар ҳақиқат вақти он расидааст, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад, то ин қишри ҷомеа ба самти созандагӣ, бунёдкорӣ, суботофарӣ ва рушди ҷомеа сафарбар шаванд ва ба сӯи харобкорӣ, ифротгароиву тундгароӣ ва терроризм майл намудани онҳо пешгирӣ карда шавад. Барои ин кор, албатта заҳмату кӯшиши бештар, барномаи таълимӣ-маърифатии пухтаву санҷида ва сармоягузории зиёд лозим мебошад.

Бояд қайд намуд, ки масъалаву мушкилоти ҷавонони кишварро ба таври умумӣ дар якҷоягӣ хулоса ва баҳогузорӣ кардан душвор ва нодуруст аст. Зеро, имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамонҳое ҳастанд, ки дар мактаб мехонанд, дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, дар соҳаҳо ва сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ кор мекунанд ва ниҳоят, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Ин тақсимбандиҳо аз як тараф зинаҳои алоҳидаи камолоти ҷавонон буда, ҳар яки ин бахшҳо масъалаҳо ва мушкилоти худро доранд, ки ҳаллу баррасии ҷудогонаро мехоҳанд.

Гузашта аз ин, ҳалли мушкилоти як соҳа бевосита ё бавосита таъсири худро ба соҳаҳои дигар мерасонад. Агар мушкилоти ҷавонон имрӯз қадам ба қадам ҳалли худро наёбанд, ҳукумат ба он диққат надиҳад, баъди чанд сол метавонад он ба сари ҷомеа мушкилоту масъалаҳои сангинро ба миён орад. Зеро ҷавонон ва умуман инсонҳо, маъмулан вақте дар зиндагӣ муваффақ шуданд, дар бештари ҳолат худро сабабгор медонанд ва агар рафту соҳиби зиндагии хуб нашуданд, на худро, балки ҳукумату давлатро сабабгор мешуморанд ва қаҳру ғазаби худро бо роҳҳои гуногуни қонунӣ ва ғаёриқонунӣ ифода мекунанд.

 

Асоева Соҷида- узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg