БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИ НОПОКЗОДАҲО МАДОРЕД УМЕД...

АНДЕША. Воҷиботи аввали миллату ҳар як фарди худогоҳ, боору ба номус, худро шинохтан ва истиқлолияту давлатдории хешро қадр  кардан  аст.

Мардуми тоҷик ва кулли Тоҷикистониён мехоҳанд, ки Ватани азизи мо тинҷ, ором, ободу зебо ва рӯз ба рӯз пешрафт дошта бошад. Шукр мекунем, ки ин неъмати бузурги Худованди яккаву ягона (Ҷ) таҳти сиёсати хирадмандонаю оқилона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо гардидааст. 

Аз хотирамон нарафтааст, ки солҳои 1990-1992,  қариб аз ҳар як хонадон наварӯсе, наврасе ва ё модареро навмед карда буданд.

Кам буд, ки то давраи ба тавсибрасии қарори Додгоҳи Олии кишвар, ТЭТ ҲНИ, роҳбарони баландпояашон, исломро ниқоб карда ба ҷиноятҳои зведе даст зада озодиву дахлнопазирии ҷинсӣ, муқаддас нигоҳ доштани оила, тартботи ҷамъиятиву меъёрҳои ахлоқиро байни ҷомеа вайрон карданду имрӯз боз аз дохили маҳбас истода даст ба қатлу куштор мезананд.

Душмани беруна дорад аз бурун девонагӣ,

     Эҳтиёт, эй дӯстон аз душманони хонагӣ.

Имрӯз, бори дигар бараъло маълум шуд, ки Кабирию Истаравшиниву Шарофиддини Гадо ва ҳаммаслаконашон тиннату замирашон сиёҳ буда бо ташкилоти террористию ба ном исломии «ДИИШ» як мақсаду як маром доранд, ки мехоҳанд ҳазорон сарро буридаву ҳазорон ҷонҳои зиндаро зери хок карда наврасону кӯдаконро бо ваҳшоният қатл намудаву сӯзонанд.  Бадбахтӣ  дар он аст, ки ин Кабирии хоину пайравонаш тавонистанд, ки як қатор ҷавонони гумроҳу саводи кофии диниву дунявӣ надоштаро аз миллати бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик мағзшӯйӣ намуда, ба ин ташкилоти террористиии ба ном исломии  «ДИИШ» пайваст созаду бо ин амалаш номи миллати кӯҳанбунёди тоҷикро доғдору аз маблағҳои хунолудонаи ба даст овардааш, айву ишрати худу пайвандон ва мавқеи ҳаммаслаконашро дар давлатҳои хориҷа мустаҳкам намояд.

Эй хоинони миллату давлати тоҷикон, аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ ва Гурӯҳи 24,  агар даъвои мусулмонӣ доред, пас барои чӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои характери динидоштаи террористиву экстремистӣ ва ифротӣ пайравӣ кардаву истифода аз дастгириҳои хоҷаҳои аҷнабиатон мехоҳед  дар  Ватан, ки баробар  ба  модар аст,  нооромӣ бошад.

Мо миллати тоҷик дорои таъриху фарҳангӣ бою ғании гузашта дорем, Алҳамдуллилоҳ мусулмонему аз мазҳаби аҷдоди бузургамон Имоми Аъзам рӯҳи тоза мегирем. Ҳамаи мусулмонони кишвар, дар фазои сулҳу амонӣ ҳамаи рукнҳои дини мубини исломро ба ҷо меоранд. Масҷидҳо ба рӯи намозгузорон ҳамеша боз аст.

Вале  боиси таассуф ва аламовар аст, ки баҳри маблағҳои ҳаром ба даст овардану таъмин намудани нафси шайтонии хеш, ин анҷуманороёни касиф Кабириву Истиравшанӣ вапайравонашон  бар  зидди тамаддуни миллату давлати хеш гашта мазҳабфурӯш гардидаанду ҳадафҳои хоҷаҳои хориҷиашонро тобиш дода, мехоҳанд, ки обри Пешво ва нуфузи мамлакати моро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ коста гардонанд.

Даъвоҳои ин хоинони миллат ва мазҳабфурӯшон, аз ибтидо то ҳол беасос аст. Охир ин анҷуманороён, гурӯӯҳҳои манфиатҷӯянду бозичаи дасти хоҷаҳои хориҷӣ ҳастанду халос. Онҳо ба манфиати миллату давлати мо тоҷикистониён чизе накардаанду намекунанд. Онҳо имрӯзҳо бештар ба хотири аз даст нарафтани ғаниматҳо, хонаву дар, ҷою ҷалолашон дар хориҷа мубориза бурда истодаанд ва охирин нафасҳояшонро мегиранд.

Биёяд накҳати бадбахтӣ аз гулзорӣ бегона,                                                         Чӣ хушбахтам, агар дар пояи хори Ватан мирам.

Пас,  чаро мо тоҷикон ба суханҳои  ин  Худозадаҳои ҳизби мамнуъи ТЭТ ҲНИТ бо роҳбарияти хоину бегонапарасташ Кабириву Истаравшании мазҳабфурӯш ё ҳаракати камсаводони Гурӯҳи -24 дода шавему аз паси якдигар ханҷар занем.

Хоҷаҳои хориҷиашон барои амалии ҳадафҳои ниҳоии хеш, аз ҳисоби ин курдилони бесаводу мардум и ғаддори афсус миллатамон боз мехоҳанд, ки анҷуманороёнанду мардумро муқобили давлат ва  ба ҷиҳоду ғайраву ғайра даъват кунанд.

Овардаанд, ки ;- «Ба дарахтони ҷангал гуфтам: Чаро шумо бо ин азамат аз тикаи оҳане бо номи табар метарсед? Гуфтанд: Ранҷи мо аз табар нест, балки аз дастаи ӯст, ки аз ҷинси худамон аст!». Бале сад афсус, ки душманони миллату мазҳаби мо аз ҳаммиллатону ҳаммазҳабони мо истифода мебаранд.

Эй мардуми мусалмон, эй тоҷики бонангу ор, ҷиҳод на он аст, ки мусалмон алайҳи мусалмон биҷангад.

Пас  ин ҷумла чӣ мехоҳад, ки овардаанд;- «Муъмин бародари муъмин аст»

Ин даъвоҳои беасосу тафриқаандозиҳои ғайриинсононаашон ҳатто Худоро хуш нест. Дини мубини ислом дӯстиву меҳру муҳаббат,  одаму одамият ва тозагиро тараннум мекунад. На ин, ки тафриқаандозиву манфиатҷӯиро.

Таърих гувоҳ аст, ки ТЭТ ҲНИТ, аз ибтидои фаъолияташ, ки дар  дохили кишвар буданаш ҳам ба ҷузъ мардумфиребиву андохтани низоъ байни мардум, баҳри ободии Ватан  коре  накардааст.  Қариб дар ҳар суханрониҳояшон мардумро ноумед мекарданду сарсон, хонавайрону маҳбасӣ.

Имрӯз, дар ин фазои сулҳу оромии давлати соҳибистиқлоламон атрофи дастурхони тоҷикона мешинаму он рӯзҳои гузаштаро, ки бародар  аз  бародар  дар  ҳарос буду ҳамсоя аз дидори наздикон ноумедӣ мекашид, ёд меораму  аз даргоҳи Худованди бузург таманову илтиҷо менамоям, ки дигар он рӯзҳои сахту мудҳишро ба сари миллати тоҷики ман наорад.

Хулоса кирдори хиёнаткорона ва разилонаи ин афродро ҳамчун далели хиёнат ба Ватан ва дур аз рисолати бузурги мусулмонию инсонӣ маънидод кардаву сахт маҳкум намуда, амалҳои хиёнаткоронаи онҳоно бахшидани несту умеде ба хоинони миллат ва фарзандони онҳо нест, чунки:

Зи нопокзодаҳо мадоред умед,

Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед.

Ва  аз ҳама ҳамватанон, алалхусус ҷавонони азизу ҷигарбанди ин миллату давлат, ки онядасозаш ҳастанд даъват менамоям, ки ҳатмӣ бояд дар дохилу хориҷи Ватани мо дар амал ба монанди панҷаҳои як даст мушт, шохобаҳои як руд, фарзандони як падару як модар бошем, то аз адуву бадтинатон, анҷуманороёни хоину мазҳабфурӯш ва Худозадаҳо,  Тоҷикистони биҳиштосои худро ҳифз  намоем.

Муҳаммаддовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg