БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪАЛАИ ҶАВОНОН ВА ДАСТГИРИИ ҲАМАҶОНИБАИ ОНҲО ҲАМЕША ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Олимон” бо иштироки васеи ҷавонон – аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” чорабинии сиёсию фарҳангӣ баргузор карда шуд.

Зимни чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва узви Раёсати Кумитаи иҷроия, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, ректори ДДК Абдулло Ҳабибулло иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, Абдулло Ҳабибулло ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки ҷавонон нерӯи созандаи мамлакат ба ҳисоб рафта, ташаббусу иқдомҳои ҷавонон ва пешниҳоду таклифҳои онҳо дар амри шукуфоии Ватани маҳбубамон хеле назаррас мебошад.

Ҳамзамон Орзу Ҳамидиён ҳангоми баромад изҳор кард, ки масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошта, бахши муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосии Барномаҳои ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. ҲХДТ ҷавононро ҳамчун ояндаи давлату миллат эътироф намуда, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббусҳои онҳоро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Дар идома ба як қатор ҷавонони фаъол – узви ТҶҶ “Созандагони Ватан” Сипосномаҳо тақдим карда шуда, ба онҳо дар иҷрои татбиқи ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ барору комёбиҳо таманно гардид.

Чорабинӣ бо роҳандозии барномаи фарҳангӣ аз ҷониби аъзои ТҶҶ “Созандагон Ватан” ба поён расид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg