БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН БАРОИ МО ҶАВОНОН АЗИЗ АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар асоси нақша-чорабинии шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун миёни донишҷӯёни литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайҳун чорабинии судманд доир гардид.

Дар рафти чорабинӣ Ализода Фарзона- мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони ҳизби ноҳия дар баромади худ қайд доштанд, ки мо ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ба муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон Тоҷикистони муосир то абад боқи мемонем.

Мудири шуъбаи таблиғот, итиллоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Бекмамадов Асалмамад ба сухан баромада, қайд кард, ки мо ҷавонон доимо ҳидоятҳои наҷиб ва созандаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам ва талаботи замонро пайваста эҳсос менамоем ва манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархӯрдҳои ҷаҳонӣ бо зиракии сиёсии хеш ҳимоя менамоем.

Қобили тазаккур аст, ки дар доираи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун чорабинии варзиши аз қабили волейбол байни ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуд, ки ҷавонон дар он фаъолона иштирок карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg