ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «18-ҳизб»-и ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим атрофи ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғони тоҷик аз зиндонҳои давлати Ироқ, пешравию шукуфоии Ватан,талошу хизматҳои беназири Роҳбари давлат нисбат ба давлату миллат ва суханронӣ бахшида ба оғози моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру сахо аст, андешаронӣ намуд.
Дар охир вобаста ба татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» тариқи ҳашар ҷўйборҳои обгузари деҳа аз партовҳо тоза карда шуда, нисбати дастгириҳои оилаҳои ниёзманд, анҷом корҳои хайру сахо дар ин моҳи шарифи Рамазон тавсияҳо дода шуд.