ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бахшида ба оғози моҳи шарифи Рамазон барои нигоҳ доштани нарху наво дар бозор ва дастрасии аҳолӣ ба маводҳои хӯрока бо нархҳои дастрас дар бозори марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилотҳои дахлдор бо соҳибкорон суҳбат намуда, ҳамзамон барои риоя намудани нарху наво дар моҳи мубораки Рамазон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Боиси қайд аст, ки дар хамаи марказҳои ҷамоатҳои деҳот ва деҳаҳои он нуктаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ «Гӯшаи деҳқон» ташкил карда шуданд.
Масалан 1 килограмм бодиринг 2 сомон, картошка 2 сомон, гӯшт 38-40 сомон, биринҷ аз 8 сомонӣ то 10 сомонӣ, як литр шир 2,5 сомонӣ як килограмм помидор 8 сомонӣ мебошад.