ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳодиобод»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ Зайдуллоев Муҳамадҷон корманди масъули Кумитаи иҷроия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханронӣ намуда, иброз дошт, ки яке аз самтҳои муҳим ва муваффақонаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва иқдомҳои шоистаи Пешвои миллат ин дипломатияи об ва дар ин замина, оғози татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад.
Руйдоди дуюми воқеан таърихӣ ба кор шурӯъ намудани агрегати якуми НБО «Роғун» - иншооти бузурги тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки ба шарофати ҷасорату мардонагӣ ва собитқадамии Пешвои миллат ва меҳнати қаҳрамононаи мардуми заҳматқарини тоҷик амали гардид. Ин «Кохи нур» оғози гардиши куллӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо, як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмини истиқлолияти Энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Воқеаи сеюми муҳиму хотирмон ин таҳаввулоти таърихи дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯст - Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.