ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷикон»-и деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Ғайрат бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб хониши сиёсӣ доир намуданд.
Дар хониши сиёсӣ масъулин оид ба стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар назар аст, ки то ба анҷом расидани муҳлати пешбинишудаи санади барномавии миёнамуҳлати зиддикоррупсионӣ сатҳи коррупсия дар кишвар паст гардида, шароит барои рушди иқтисодӣ, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум фароҳам оварда мешавад.
Ҳамзамон, оид ба ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакоҳои иҷтимоӣ, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз пеҳншавии бемориҳои сирояти суханронӣ намуданд.