БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ДАВОМДИҲАНДАГОНИ ИҚДОМҲОИ НЕК

ЁВОН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Таҳти ҳамин унвон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чанде қабл бо иштироки мутахассисони соҳаи тиб, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар толори Литсейи касбӣ- техникии ноҳия Конференсияи илмию амалӣ  баргузор гардид.

Дар кори Конференсия се маърӯза аз ҷониби намояндагони соҳаи тиб, аз ҷумла директори Маркази пешгирӣ алайҳи бемории СПИД Алифов Ҷ., мудири шуъбаи тиббӣ машваратии ҷавонон Иззатуллоева С.ва директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим  Ҷабборов М.  пешниҳод гардид. Сипас, аз ҷониби муовини раиси ташкилоти ибтидоии соҳаи тандурустӣ А.Мирзоев ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия атрофи ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маърӯзаҳо пешниҳод гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg