БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИШВАСИТОНӢ ХИЁНАТ БА ВАЗИФА ВА ХАЛҚУ ВАТАН АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Гузаронидани суҳбату мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа оид ба самтҳои муҳимми фаъолияти ҲХДТ ва огоҳонидани онҳо аз хатарҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир саривақтӣ ва бамаврид мебошад. Бо дарки ин маъни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб мунтазам дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ нишасту вохӯриҳо гузаронида истодааст.

Дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб” Холов Давлатназар иштирок ва баромад намуданд.

Фирӯзи Саидмӯъмин қайд кард, ки даст задан ба амалҳои ришваситонӣ хиёнат ба вазифа ва халқу Ватан аст. Мавсуф таъкид намуд, ки аз ин рӯ, бояд барои пешгирӣ ва мубориза ба он дастаҷамъона амал намуд.

Дар навбати худ Холов Давлатнзар изҳор намуд, ки амалҳои коррупсионӣ яке аз амалҳои зишт буда, шаҳрвандон бояд аз амалҳои коррусионӣ бохабар бошанду дар пешгирии чунин рафторҳо саҳм гузоранд.

Масъулин баргузории чунин чорабиниҳоро бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ба маврид хонда, иброз доштанд, ки беҳтарин воситаи пешгирии амалҳои коррупсионӣ ин баргузории вохӯриву суҳбатҳо ва бештар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон аст.

Мулоқоти мазкур бо супоридани билетҳои ҳизбӣ ба аъзои нави ҲХДТ ба охир расид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg