
Ҷ.БАЛХӢ. Ҳамасола дар кишвари хуршедии нуррезу зархезу дилангези мо –Тоҷикистони азиз санаи 23-юми май “Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон” бо шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн гирифта мешавад.
Бо ин мақсад кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия ба аёдати се нафар маъюб-Назроншоев Хушқадам аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳрубон”, Шарипова Низорамо аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Умед”-и ҷамоати шаҳраки Балх ва Давлатова Шоира аз ташкилоти ибтидоии “Зархез”-и ҷамоати деҳоти Халевард рафта, ба онҳо маводҳои хӯрока бо маблағи 300 сомонӣ кӯмакӣ модди расониданд.