![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190522_081247.jpg?itok=dFqKSiBJ)
ҶАЙҲУН.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии «Ободон»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб чорабинии таблиғотӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинии ҳизбӣ корманди масъули Кумитаи иҷроия Муҳамадҷон Зайдуллоев оид ба масъалаи ба миён гузошташуда муфассал суханрони намуда, дар рафти суханронии хеш қайд намуд, ки: - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки: -Миллати тоҷик дар натиҷаи пайравӣ аз анъанаҳои миллӣ, урфу одатҳои наҷиби мардумӣ соҳиби ҳурмат ва эҳтироми оламиён гардидааст.