ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ситораи Тобон” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ атрофи хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ – қарзи шаҳрвандии мо ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз давлатҳои ҷангзада суханронӣ намуд.
Баъдан вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳи маҳалла, ки бар асари боридани борони сел таъмирталаб гардида буд, барқарор ва азнавсозӣ карда шуд.