БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ҲАДАФИ МУҲИМИ МО МЕБОШАД

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии Навобод-2-и ҷамоати деҳоти «Намуна» вохӯрӣ баргӯзор  намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва муҳтавои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он 4 ҳадафи миллӣ пешниҳод шуд, андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, қайд шуд, ки  ҳадафи чорум ва нави Сарвари давлат ин саноатикунонии кишвар буда,  дар ин замина «300- рўзи ислоҳот оид ба дастигирии соҳибкорон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» эълон карда шуд.

Дар ин раванд атрофи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ибрози андеша гардида, иштирокдорон ба корҳои созандагиву ободонӣ, ки ҳадафи аслии ҳизб рушду тараққиёти Ватан ва зиндагии пурсаодати сокинони кишвар мебошад, раҳнамоӣ шуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg