ЁВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва саҳми намоёни соҳибкори муваффақи ноҳия Камолов Саидҷаъфар дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» зиёда аз як километр роҳҳои дохили деҳаи Деҳқонободи ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх сангфарш карда шуд.
Ҷойи қайд аст, ки Камолов Саидҷаъфар бо модараш Камолова Ҳамробибӣ маблағи барои зиёрати Ҳаҷ ҷамъ намудаашонро барои ободонии деҳаи мазкур, сохтмони мактаб ва обёрӣ кардани деҳа сарф намуданд.
Камолова Ҳамробибӣ аз маблағи зиёрати Ҳаҷ ҷамъовардаи худ зиёда аз якуним километр роҳҳои дохили деҳҳаро сангфарш, 1000 дона хишти сементӣ (сементблок) барои мактаби № 32-и деҳа ва аз масофаи 800 метр об ба деҳа кӯмак расонид, ки ҷамъи маблағҳои умумӣ 20 ҳазорро ташкил медиҳад.
Ҷойи қайд аст, ки сангфарш намудани роҳи деҳа баъди суханронӣ ва ташрифи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло ба вуқӯъ пайвастааст, зеро соҳибкор аз суханрониҳои Раҳмонзода Абдулло ба худ илҳом ва неруи тоза гирифта, чунин корҳои хайрро ба роҳ мондааст.