БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ ШӮРОИ МАРКАЗИИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ҶАВОНОН “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо истифода аз фурсати муносиб кулли ҷавонони кишварро бо “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд.

Ҷавонони имрӯза, ки насли зодаи истиқлолият мебошанд, бо саҳми арзандаи хеш дар рушду инкишофи ҳамаи самту соҳаҳои ҳаёти кишвар худро ҳамчун пайравони воқеии Пешвои миллат ва созандагони боэътимоди имрӯзу ояндаи Ватан муаррифӣ намуда истодаанд.

Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: «Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд».

Ин суханони самимӣ, воқеан ҳам як такони ҷиддие барои бедор сохтани ҳисси созандагӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон дар роҳи ватандорӣ буда, ишораест ба пуштибонии доимии Роҳбарияти Олии кишвар аз қишри ҷавони ҷомеа.

Мо ҷавонон – Созандагони Ватан низ дар навбати худ ифтихор аз он дорем, ки дар роҳи созандагӣ ва тамаддунофарӣ пайраву дастёри Пешвои миллат ҳастем ва тамоми талошу кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳем, то ба ин бовариву эътимоди бузург сазовор бошем.

Амалан муҳимтарин вазифаи мо ҷавонони бонангу номуси Ватан ин пеш аз ҳама созандагист. Созандагӣ ба тамоми маъно! Аз ин рӯ ба кулли ҷавонони бошарафи Тоҷикистон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ барору комёбӣ таманно дорем.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак ҷавонони азиз- созандагони имрӯзу фардои Ватан!

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg