БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУЪИ “НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАДБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН” БАХШИДА БА “РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

БАХШИДА БА “РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН” САНАИ 22-ЮМИ МАЙИ СОЛИ 2019 ДАР ТОЛОРИ МАҶЛИСГОҲИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ “НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАДБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН” БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ҶАВОНОН “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” АЗ 25 ШАҲРУ НАВОҲИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД.

Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ Раҳмонзода Абдулло, Раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” кушода, ҳозиринро хайру мақдам намуда, иброз доштанд, ки Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Созандагони Ватан» мувофиқ ба ҳадафҳои таъсис ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти худ ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи мафкураи миллӣ, пешгирӣ намудан аз гаравидани ҷавонон ба амалҳои ғайриахлоқию ғайриҳуқуқӣ, амсолӣ нашъамандию истеъмоли маводи мухаддир, ҷинояткорӣ, ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва ғайра, ки дар маҷмуъ ба мафкураи миллии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, аҳамияти авалиндараҷа зоҳир менамояд.

Сипас, Дилафрӯзи Абдулло - роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон, Амирзода Аловиддин – муовини намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон, Мунавараи Бозоралӣ – роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кулоб ва Ғафурзода Фирдавс - роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Норак баромад намуданд.

Баромадкунандагон баён доштанд, ки ҲХДТ дар сиёсати худ самти ҷавононро дар маркази диққати худ қарор дода, ба ин қишри ояндасози миллат таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Боиси қайд аст, ки имрӯз зиёда аз 70% кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ҷавонон ташкил медиҳад. Танҳо соли 2018 қариб 100 ҷавонон дар сохторҳои ҳизби вилоят ба кор қабул гардиданд. Ҳамзамон, ҷиҳати дасгирии ҷавонон кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба зиёда аз 120 нафар ҷонишҷуён ҳар моҳ идрорпулии ҳизбӣ дода мешавад.

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, ки ҳамзамон роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” мебошанд, ба 10 нафар донишҷуёни фаъоли ҲХДТ идрорпулии ҳизбӣ тақдим карда шуда, ба чорабинии дигари ҳизбӣ футбол барои дарёфти ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳусни оғоз бахшида шуд. Таклиф шуд, ки ин бози дар чанд давр, байни деҳаву маҳаллаҳо, байни ҷамоатҳо, байни шаҳру ноҳияҳо ва даври вилоятӣ доир хоҳад шуд.

Ҳамзамон, дар ин рӯз масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба аёдати чанд нафар ҷавонони маъюб рафта ба онҳо кӯмакҳои яквақтаи молиявӣ расониданд. Лозим ба ёдоварист, ки ҷавонон, маъюбон, ятимон ва ниёзмандон зери таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд. Дар муддати чор моҳи соли 2019 бо ташаббуси кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба қариб 800 нафар аз ҷумла, ба ятимон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд кӯмакҳои яквақтаи моддӣ – молиявӣ расонида шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg