БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАДОШТАНИ ДОНИШИ ДИНИЮ ДУНЯВӢ ОМИЛИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

ВОКУНИШ. Воқеан терроризму экстремизм ё худ террорист ва экстремист Ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист, ин нуктаи асоси дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 20 январи соли 2016 ироа карда шудааст. Ин падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир чун вабои асри ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ ва эктремистӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Имрӯзҳо дар бархе аз кишварҳои ҷаҳони ислом, хусусан давлатҳои арабӣ- Сурия, Ироқ, Яман, инчунин Афғонистон амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд, ки вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо ноором буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои гурӯҳу ҳаракатҳои терророристӣ ва ифротӣ гардидаанд. Хусусан зуҳури давлати исломии Ироқу Шом барои амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдидҳои навро эҷод сохтааст.

Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллату ватан аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо моҳият ва маънои исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва экстремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динӣ дунявиро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаминро бояд ҳар як ҷавон донад, ки дарвоқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонад. Ҳар гуна дин, бахусус дини ислом зиди амалҳои террористӣ буда, ин кирдору амалҳои номатлубро маҳкум сохта, онро ба куллӣ рад менамояд. Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди ислом аст. Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дар воқеъ ба шаъну эътибори дини ислом доu меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусулмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопоки хеш истифода барад.

Имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидҳои суботу амнияти ҷаҳонист. Дар воқеъ гурӯҳҳои ифротгаро бархе аз ҷавононро, ки дар Русия муҳоҷират доранд, бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макри худ мекашанд.

Бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд ба чашм мерасад. Тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошад. Аз рeи таҳлилҳо аксар занону бонувони мо либосҳои бегонаро бо номи «ҳиҷоб» ё «сатр» истифода карда, ба ин васила гӯё шариатро риоя мекунанд. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд.

Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурӯсти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

 

Сабурзода Насим Маҳмадуло-аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg