БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҲЗАТИЁН БА ҲАДАФҲОИ НОПОКИ ХУД НАМЕРАСАНД!

ВОКУНИШ. Дар марҳилаи кунунӣ экстремизми исломӣ пайваста тобишҳои нав ба нав ба худ касб карда, кайҳост омили равшани сиёсати ҷаҳонӣ гаштааст. Имрӯзҳо миллионҳо одамон  дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун воситаҳои ин зуҳуроти харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлокӣ гардидаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ташкилкунандагони  воқеае ки дар муассисиаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат рӯй дод, аъзои созмони террористиву экстремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи “Давлати исломӣ” буда, мақсаду мароми онҳо бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил додан аст.          Коршиносон ба ин назаранд, ки ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳо дорои як манбаву сарчашма буда, усулҳои фаъолияташон низ як умумият дорад , ки он ноором кардани авзои сиёсии давлатҳо, сӯистифода аз бовариҳои динӣ, ба вуҷуд овардани тафриқаи иҷтимоӣ, мубориза ба фарҳангу асолати қадимаи миллатҳо, гумроҳсозии ҷавонон ва ба муқобили насли калонсол шӯронидани онҳо, бераҳмӣ, қатлу куштор, даҳшатафканӣ, фиребу фирефта кардани ҷомеа мебошад. Бо тасдиқи ин воқеият ба боварӣ метавон гуфт, ки сиёсати манфиатҷӯёнаи абарқудратҳо ба хотири тақвияти манфиатҳои худ ин пеш аз ҳама ба заиф сохтани идеологияи рақибонашон равона шудааст.

Дар охир месазад қайд намоем, ки дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ  мо низ дар навбати худ  ҳамчун соҳибватанони асил ва содиқ ба пешвои миллат талош бояд варзем, то он ҳама масъулияте, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба мо бовар кардаанд, сарбаландона иҷро кунем.

 

Содиқова Меҳрубону, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.                          .

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg