БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЗҲАКАҲОИ ХАНДАДОРУ НАВИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ИДОМА ДОРАД!

  

ВОКУНИШ.Тавре ҳамагон медонем, дар таърихи 10.05.2019 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо доир гардид, ки гузориши муфассали он аз ҷониби тамоми шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба мардум пешниҳод карда шуд.

Роҳбари давлат зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои марбута доир ба мушкилоти ҷойдошта дар соҳа ва роҳҳои ҳалли онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, ба назардошти камбудиҳо ва роҳ додан ба қонунвайронкунӣ якҷанд корманди сатҳи баландро аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод намуданд.

Дарвоқеъ касе, ки ўҳдадориҳои мансабӣ ва дигар супоришҳои давлатиро саривақт иҷро намекунад ҳуқуқи маънавии дар вазифа монданро надорад. Дар баробари фаъолият кардан дар мақомоти зиддахл ва истифодаи мансаб бо ғаразҳои шахсӣ, инчунин сўйистифода аз номи фарзандони роҳбари давлат аз соҳибкасб набудану орӣ будан аз оддитарин рафтори инсонии шахс башорат медиҳад, ки чунин рафтор аз мадди таваҷҷуҳи мақомоти дахлдор ҳаргиз дур намемонад.

Мутаассифона тўдае аз гумроҳон дар Аврупо аз мулоқоти Роҳбари давлат бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо гузоришу ахборотро дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ба хости дили худашон мегузоранд. Дар ин замина Шарофиддин Гадоев ба ном роҳбари «Ҷунбиши мардумии ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» баъди суқути чандмоҳа боз пушти дурбини сабти телевизионӣ пайдо гардида, бо таҳлили сарсарию бемантиқ «бузакбозӣ»-и навбатиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба маърази тамошо гузошт. Шарофиддин Гадоев ҳангоми суҳбати телевизионӣ ибораҳои кўдаконаи «ин хеши вай, вай хеши ин»-ро асоси мавзўи хеш қарор дода, вазъи фаъолияти мақомоти гумрукро то ҷойе «таҳлил» намуд. Ў аз кор озод гардидани корманди мақомоти гумрук-Шаҳбоз Раҷабзодаро ҳамчун «моҳичаи хурд» қаламдод мекунад. Аз чунин таҳлили Шарофиддин Гадоев эҳсос кардан мумкин аст, ки нисбати кулли иштирокчиёни ин мулоқот ҳисси бадбинӣ дошта, фаъолияти онҳоро манфӣ баҳогузор менамояд.

Дар ҳар давру замон дар ҳама сохторҳо одамони хуб ҳам ҳастанду одамони бадкор низ. Лекин як нуқтаро бояд фаромўш накард, ки некӣ дер ё зуд ҳама вақт ғалаба мекунад. Шаҳбоз Раҷабзода бар асоси камбудӣ ва бемасъулиятиву камсаводӣ аз вазифа сабукдўш шуд. Тақдири минбаъдаи ҳаёту фаъолияти ў албатта зери назорати мақомоти дахлдор хоҳад буд.

Ба фикри мо «моҳии калон» дар Аврупо дар наздикии Шарофиддин Гадоев аст, ки бо ғояҳои дурўғу фурўхташуда мардумро ба гумроҳӣ талқин мекунад. Шояд моҳӣ нею аждаҳо, аждаҳое бо номи Кабирӣ! Чӣ магар Ш.Гадоев соҳибмансаб мебуд мушкилоти соҳаро ҳаллу фасл карда метавонист? Мусаллам аст, ки Ш.Гадоев ғайр аз нигоҳи танқидӣ дигар ягон барномаи мушаххасе рўи даст надорад. Ғайр аз сафсата хондан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки Шарофиддин Гадоев онро «рисолати инсонӣ» унвон мекунад, дигар кореро ба манфиати миллату мардум анҷом дода наметавонад.

Ба маълумоти Ш.Гадоев мерасонем, ки ончуноне дар Тоҷикистон дигар эътибору нуфўз надорад дар Аврупо низ мақоми ў дар ҷойи поён аст. Инро аз эҳсоси ботини ў ҳар як тамошобини закӣ мушоҳида мекунад. Хуб мебуд аз ин сафсатаҳою ҷорзаниҳо барои пешрафти кишвар ва рушди давлату миллати тоҷик барномаи созандаеро рўи кор мегирифту фаъолияташон ба ҳайси роҳбари «Ҷунбиши мардумии ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ба ҳақиқат наздикӣ мекард. Назари ў бояд назари танқиди иқтисодӣ бошад на ғарази шахсӣ.

Баъди тамошои суҳбати видеоӣ як чизро бори дигар эҳсос кардам, ки Ш.Гадоев бо баромадҳои хушку холӣ худу ҳаводоронашро таскин дода, ба ақидаи дигар дар зер бо ибрози назари инсонбадбинӣ ҳамдигарро тасаллӣ медиҳанд. Ҳамчунин аз баромадҳои ў эҳсос кардам, ки ҳарфу суханашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ харидор надорад. Ва назари мардони ватандўст нисбати баромадҳои ў тағйир ёфта, ба ҷузъ ҳамсафонашон касе дигар ба ин сафсатаҳо аҳамият намедиҳад.

 

Шокирзода. А, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg