ВОКУНИШ. Баъди ҳазорсолаҳо миллати тоҷик ба ин неъмати Худодод – Истиқлолият соҳиб шудааст. Имрӯз ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, барои мо чун обу ҳаво зарур аст.
Ба андешаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон террорист Ватан, дин, мазҳаб надорад. Ин гуфтаҳои Пешвои миллатро тасдиқ карда гуфтаниам, ки ислом ҳаргиз тарафдорӣ одамкушӣ набуд ва мусалмон террорист нест ва террорист ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад.
Имрўз терроризми байналмилалиро қабои динӣ пӯшонда, онро бо ибораҳои терроризми динӣ ё терроризми мазҳабӣ низ ёдовар мешаванд. Харакатҳои террористии ба ном исломӣ оламро дар ваҳшоният қарор дода, аҳолии осоиштаро кушта, кишварҳоро харобу ғapқи хун кардаанд. Аламовар он аст, ки барои амалӣ кардани ғаразҳояшон гурӯҳҳои террористӣ аз нерӯи ҷавонони кишварҳо истифода мебаранд. Ҷавонон ҳам ба гуфтаҳои ашхоси алоҳида гӯш дода, бидуни таҳлилу идрок аз пайи онҳо мераванд ва умре сарсон мегарданд. Бадтар аз ин ҳам баҷони худ ҷабр мекунанду ҳамаҳли оилаи худро дар ғаму андўҳ мешинонанд.
Дар ҳама давру замон ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Онҳо барои ин хостаи худ иродаи баъзе аз ҷавононро аз дасташон гирифта, ба қисме аз онҳо нашъаву ҳаргуна доруҳо гузаронда, аз худ бехудашон мекунанд ва барои татбиқи нақшаҳояшон истифода мебаранд. Барои мисол, ҳамин кофист, ки зиндагии чанде аз онҳо ба Сурия рафтаву даст ба сина зада “мо ҷиҳод мекунем" гӯён аз тариқи шабакаи интернет таблиғот мебаранд, шинос шавем. Бештари онҳо дар гузашта ё дузду ҷинояткор будаанд, ё нашъаманд. Онҳое, ки аз ин кирдор дур буданд, онҳо то ҳадде содда будаанд, ки тавонистанд, ба фиребу найранг дода шаванду аз зиндагиву мустакилияташон маҳрум гарданд.
Мутмаинем, ки ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, набояд фирефтаи ташвиқоти дурӯғи гурўҳҳои террористӣ ва ифротӣ гарданд. Имрўз аҳли фарҳангу маорифи ҷумҳурӣ дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон диққати ҷиддӣ дода, ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва ваҳдату ягонагӣ тарбия намуда, ба ин васила дар бунёди давлати миллӣ саҳми сазовор гузошта истодаанд. Ин миллат бо хиради азалиаш, новобаста аз беадолатии бемисле, ки тақдир ба вай насиб гардонида буд, тавонист, ки фарзандони фарзонаву бофазилату тамадунофар, далеру шуҷоъ ва қаҳрамонро тарбия ва ба камол расонад.
Раҳмонов Далер, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фархор