БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҲЗАТИҲО ШАЙТОНҲОЕАНД ДАР ҚОЛАБИ ОДАМ

ВОКУНИШ. Тавре мардуми худогоҳи кишвар медонанд, ТТЭ ҲНИ барои бо роҳи зурӣ ҷорӣ кардани мазҳабу равияи динии бегона хостори ғасби давлату ҳукумат гардид ва кишварро ба вартаи нобудӣ кашид. Дар он ҷанги бародаркӯш ҳазорон нафар ҷон бохта, ҳазорон нафари дигар аз зулми бераҳмонаи намояндагони ваҳшии ТТЭ ҲНИ ҷабру ситам диданд.

Ҳанӯз солҳои охири побарҷо будани давлати шуравӣ ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсии иртиҷоии хусусияти маҳалгароиву дингароидошта дар кишвари мо арзи вуҷуд карда буданд, ки ҳар кадоме аз он гурӯҳҳо талош доштанд ба ҳар роҳу воситае набошад қудрати сиёсиро ба даст биёранд. Дар ин раванд роҳбарону муассисони ТТЭ ҲНИ хеле барвақттар бо роҳҳои ошкору ниҳон фаъолияти худро оғоз карда буданд. Саркардагони ин ташкилоти экстремистӣ дар оғози фаъолияташон аслан ба ду гурӯҳ тақсим буданд: якум пайравони равияи ваҳобӣ таҳти роҳбарии Эшони Саидашраф ва дуюм пайравони мазҳаби шиа бо роҳбарии Мулло Абдулло (Саид Абдуллои Нурӣ). Дертар ин ду гурӯҳи аз ҷиҳати ақидавӣ ба ҳам мухолиф таҳти фишори маблағгузорону хоҷагони хориҷиашон барои аз харитаи ҷаҳон нест кардани Тоҷикистон бо ҳам муттаҳид шуда, ТТЭ ҲНИ-ро созмон доданд. Намояндагони ҳарду гурӯҳ дар байни мардум ошкорову пинҳонӣ ақидаҳои мазҳабии бегонаро таблиғу ташвиқ карда, дар аксар мавридҳо таълимоти мазҳаби ҳанафиро танқид карда, гоҳе ҳатто куфр мехонданд. Гурӯҳи руҳониён ба истилоҳ «муллоҳо» бо баҳонаи «чойгаштак», «дарсхонӣ», «зиёфат» ва «шабнишинӣ» дар хонаҳои шиносҳои худ одамони зиёдро ҷамъ намуда, таълимоти сиёсии динии худро, ки аз таълимоти шиагароӣ ва ваҳобӣ иборат буд, ташвиқ мекарданд. Ҳамин буд, ки наҳзатиҳо якбора ба фаъолияти ошкоро гузашта, бо баҳонаи «мавлудхонӣ» тамоми фасли сол тую маъракаҳоро ба маҳфилҳои «ташвиқотиву тарғиботӣ» ва ҷалби ҷонибдорону пайравони худ табдил доданд. Суханрониҳои наҳзатиҳоро аксарияти мардум шунида, аз мақсадҳои ғаразнокашон воқиф гашта, нисбати онҳо эътироз мекарданд. Вале, мутаасифона, одамони гумроҳгаштаи дигаре ҳам буданд, ки фирефта мешуданд.

Маҳз чунин ақидаҳои ифротӣ буд, ки Тоҷикистонро ба доми ҷанг кашид. Ва бародар каштали бародар гирифту хуни якдигар рехтанд. Мардуми тоҷикро сарсону парешон ва хонабезор намуданд. Аммо иродаи устувор ва ватанхоҳии халқи тоҷик ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз вартаи ҷанг баромадем ва ба чунин рӯзҳои нек расидем.

Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки дар ҳар давру замон таҳдидҳое пайдо мешаванд, ки ба амнияту суботи дилхоҳ кишвар халал ворид месозад. Имрӯзҳо дар назди Созмони Милали  Муттаҳид 550 ташкилотҳои террористию экстремистӣ сабти ном шудаанд, ки бо ҳар роҳу восита, махсусан, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд ба ин ё он кишвар нобасомониҳоро ба вуҷуд биоранд.

Таъкид карданро зарур мешуморам, ки душманони Ватани мо низ зиёд ҳастанд. Аз ҷумла, дар хориҷи кишвар гурӯҳҳои ифротӣ бо номҳои “ТТЭ ҲНИ”, “Анҷумани озодандешон”, “Паймони миллӣ”, “Гурӯҳи 24” ва ғайра мавҷуданд, ки пешравиҳои Тоҷикистонро бо чашми ҳассудона менигаранд ва ин водор месозад то мо диомо ҳушёру зирак бошем ва амнияту суботи худро доимо ҳифз намоем.

 

Ашӯрова Нодира, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg