БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА МИНТАҚАВӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ МУҲИМ АСТ!

АНДЕША.Дар пойтахти Ватани азизамон –шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ  ва минтақавӣ  дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои  маблағгузории он,  аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил»   гузаронида шуд.  Дар ин конфронси сатҳи баланд бештар аз 40 давлат ва созмонҳои бонуфузи  байналмилалӣ  иштирок карданд, ки ин бевосита аз обуру ва   нуфузи Тоҷикистон  дар арсаи байналмилалӣ  дар мубориза бар зидди ин вабои аср шаҳодат медиҳад. Хусусан суханронии Пешвои миллат, Президенти  кишвар,муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ин   конфронси сатҳи баланд пурмуҳтавою бою рангин ва мақсаднок буд.

 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар  баромадашон таъкид ба он доштанд, ки бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ  пайваста ба зуҳуроти  аз байн бурдани омилҳои  дастгирии сиёсӣ , низомӣ  ва молиявии терроризми байналмилалӣ  бештар  ҷалб карда шавад, то ин, ки ин зуҳуроти номатлуб нест карда шавад.

Дар ҳақиқат террористон ҳадафҳои  муғризонаи худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ  рупӯш карда,  тарафдоронашонро зери парчами  адолати  иҷтимои ҷалб мекунанд. Дар он мақсади террористон дигар намудани сохти дунявии давлатдории кишварҳои  минтақа мебошад ва мақсади асосии онҳо ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ  мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон таъкид ба он доштанд, ки  тавсеаи майдони фаъолияти гурруҳои террористи ба сатҳи маблағгузорӣ  ва дастгирии молиявии онҳо   алоқамандии  зич дошта, барои  муқовимат нишон додан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо ва пиёда намудани ҳамлаҳои гуногуни  ҷинои  заминаи моддии кофӣ  фароҳам меорад.

Аз ин   суханрониҳои  сарвари давлати тоҷикон дар конфрони сатҳи баланд  1 руз нагузашта, рузи 19 майи соли 2019 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401 прим 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳкум шуда буданд ба мақсади номуратаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартиби ба амал омад.

Ташкилкунандагони бетартиби аъзои  созмони террористиву экстремистии  тибқи қонун дар Тоҷикистон мамнуъи «Давлати исломӣ » буда, роҳбарии бевоситаи он Беҳрузи Гулмурод-писари собиқ полковники хоин  Гулмурод  Ҳалимов  будааст.Асосан  ин бетартиби ва бенизомиро маҳбусҳое, ки бо гуруҳи ифроти ва мазҳабҳои бегона бо равияҳои  салафию ваҳобӣ  шомиланд ба амал оварданд, ки дар натиҷа се корманди муассисаи ислоҳӣ  бо  корд зада кушта шуданд. Онҳо ба ғайр аз се афсари муассисаи ислоҳи боз 5 нафар маҳбусони дигарро бо мақсади тарсонидани  дигарон  низ ба қатл  расониданд. Даҳҳо  маҳбусони дигар  латукуб ва захми гардиданд. Бинед, ки аъзоёни созмони террористиву экстремисти «Давлати исломи» барои мақсадҳои  нопоки худ  расонидани 8 нафар  дар як лаҳза ваҳшиёна ба қатл расониданд. Барои онҳо одам ва зиндагии ӯ ҳеҷ қадру қимате надоштааст.

Аъзоёни ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ »  чунон одамони  бадбахт, ҷоҳил, бераҳму шафқате ҳастанд, ки ба ғайр аз  куштору вайронкорӣ  дигар аз  дасташон коре намеояд. Дар ҳақиқат аъзоёни ТЭТ «Давлати исломӣ » душманони  худо ва пайғамбаранд, зеро онҳо дар пайи қатлу куштори  бандагони  худо  ҳастанд.

 Лозим ба зикр аст, ки  онҳоро дар муассисаҳои ислоҳи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ  аз дигар  маҳбусон ҳатман ҷудо намуда, дар сангинтарин коргоҳҳо  кор фармуд, то , ки фикри қатлу куштор ва дигар бераҳмиҳо ба ёдашон наояд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар суханронии дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронси сатҳи баланд чунин иброз доштанд: Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо ру ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар  боиси оқибатҳои ногувори сиёсӣ  иҷтимоӣ  ва ахлоқӣ    гардидаанд. Ҳамаи онҳо дар  нақша ва   шаклҳои нави усуливу сохтори  ноором кардани фазои Тоҷикистонро доранд, ки ҳеҷ гоҳ  ба мақсадашон намерасанд.

Ғаффорзода Давлатҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg