БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ СОКИНОН ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ!

АНДЕША.10 майи соли 2019 дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомаоти  молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар мулоқот карданд. Дар мулоқот аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти кишвар, намояндагони раёсат ва сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати мамлакат, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва коргарони масъули баъзе вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Ин вохӯрии сарвари давлат тариқи шабакаҳои телевизионии мамлакат  ба таври мустақим ва такроран  васеъ пахш гардида буд ва  мо халқи ноҳияи Шаҳритуз бо як умеду маром дар назди  оинаҳои нилгуни худ ҷамъ омада, такрор ба такрор ба натиҷагирии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ аз кору фаъолияти  соҳаҳои  аз ҷиҳати иқтисоди муҳими ҷумҳурӣ, таҳлили фаъолияти мақомотҳои молия, андоз, гумрук ва бонкҳо дар даҳ соли охир ва  семоҳи аввали соли 2019 бо диққат гӯш намудем.Бе муҳобот дар ноҳия шахсе набуд, ки ин  вохӯрии Президенти мамлакатро бо мақомотҳо гӯш накарда бошад, байни худ муҳокима нанамуда бошад, ягон хулосае аз он  набароварда бошад.

Ба қавли халқ то «шамол набошад, барги дарахт  намеҷунбад» дуруст аст. Барои чи чунин зуҳурут дар байни мардуми мо зиёданд? Дар ҳама ҳолатҳо мардум кӯшиш мекунанд, ки ҳалли ҳама гуна кори худро дар ёфтани «тағо» дар мақомотҳо, додани пулу пайса барои тезонидани кори худ, бурдани «дастовез»  ба шахси корбудкун ё вазифадор ба мансабдори калонаш ва ғайраву ҳоказо…

Муаммо чист? Дар чунин ҳолат мо, ки давлати демократӣ ҳастем, ба куҷо меравем? Дар донишгоҳҳо  пул пурсанд, барои ба кор даромадан пул гиранд, барои ба нафақа баромадан пул пурсанд? Дар ин ҳолат ояндаи мо чи мешавад?  Оянда аз он донишҷӯе, ки  тариқи додани пул донишгоҳҳро хатм намуд, бо тариқи пул вазифа гирифт, боз як  « корманд» мебарояд, ки тамоми корхонаи ба уҳда доштаашро, фасод мекунад, ба ҷои кору фаъолият барои шукуфоии давлат, барои обод намудани  Ватан, расидан ба ҳадафҳои олии давлату ҳукумат,  кору бор танҳо ҷамъоварии маблағи сарф намудааш мешавад, барои баланд бардоштани имиҷи худ сохтани хонаҳо, хариди мошинҳо мешаваду  халос.

Албатта Тоҷикистон давлати навбунёд аст ва чун ҳама организми инкишофёфта истода ба  бисёр мушкилиҳо вомехӯрад, то ёфтани роҳи  ба худ хоси инкишоф чандин маротиба пешпо мехӯрад, хато мекунад. Ҷараёни номукамаллӣ ислоҳоти идораи молияи давлатӣ ва таъмини суботи молиявӣ, номукаммалии низоми маъмурикунонии андоз, афзоиши номувозинавтӣ ва иҷрои сифатноки қисмҳои даромад ва хараҷоти буҷети давлатӣ, коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, муфлисшаввии  чор бонки  кишвар ва дигар масълаҳо, аз ҷумла ба тақозои замона мувофиқат надоштани сатҳи касбияти кадрҳои бахши иқтисодӣ, яъне соҳаи молия, буҷету андоз ва пулию қарзӣ боиси ташвиши ҷиддӣ гардидаанд» роҳи ҳалли худро меёбанд. Тоҷикистон рӯзҳои аз ин ҳам  сахту мудҳишро аз сар гузаронид, ҷанги бемаънии бародаркушро хотима дод, ҳама  ба Ватану замину манзили худ баргардонида шуданд ва бо майлё кӯшиш, ғайрату кордонии сарвари худ ба тамоми мақсадҳо хоҳад расид. Барномаи  саноатикунонии кишвар ҳалли худро меёбад.

Барои дар амал татбиқ намудани стратегияи кишвар баҳри амалишавии ҳадафи чоруми  миллӣ -  саноатикунонии босуръати кишвар, камбудиҳои дар баромади сарвари кишвар ва маълумотҳои пешниҳоднамудаи мақомотҳои дахлдор қайдгардида, бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ дар мақомотҳои  молия, андоз, гумрук ва бонкдоӣ, пешгирии истифодаи ғайримақсаднокӣ маблағҳои буҷетӣ аз тарафи масъулин, соддагардонии  системаи андоз бартараф намудан лозим ва дили гарму дастони пок, хираду кордонӣ зарур аст.

Ноҳияи Шаҳритуз ноҳияи аграрӣ  буда, дар ҳудуди худ  корхнаҳои калони истеҳсолӣ надорад. Мардум аксаран бо хоҷагидорӣ машғуланд, бархе дар идораҳо фаъолият доранд, дигаре дар бозорҳои ноҳия бо савдо машғул  аст ва қисме дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳо дуру наздики хориҷаанд. Аз ин рӯ даромади онҳо ҳама вобаста аст ба ҳамин самтҳои фаъолият. Вазъи кормардони буҷетӣ, ки асосан омӯзгорон ва табибонанд дар ноҳия ташвиш овараст. Нисфи зиёди музди маоши кормандони буҷетии ноҳия аз дотатсияи ҷумҳуриявӣ вобастагӣ дорад. Бо сабаби набудани корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия даромади андози ноҳия танҳо аз соҳаи кишоварзӣ ва бозор аст, ки он дар ин вақт ба талабот ҷавобгӯ  нест. Баромади Президенти кишвар дар ин мулоқот барои сокинони ноҳияи мо,  сокинони ноҳия марҳилаи нав дар кору фаъолияти  мақомотҳои сармоядор, молия, андоз, гумрук ва бонкҳо мебинем ва умед аз он дорем, ки низоми ислоҳоти молиявии давлат, соддакунии андоз, танзими қисмҳои даромад ва хараҷоти ноҳия мо ва давлат оварда мерасонад ва боиси бартараф намудани камбудиҳои дар  соҳаи иқтисодӣ ҷойдошта оварда мерасонад.

 

Туйчиева Садбарг, Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg