БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТУ СУБОТ, СУЛҲУ ОРОМӢ ВА МЕҲНАТИ СОФДИЛОНАВУ СОДИҚОНА МОРО БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА МЕРАСОНАД!

КӮЛОБ. Барои ҳифзи андеша, тарбияи ташаккули мафкураи солими ҷомеа мулоқоту суҳбатҳо дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва деҳаю маҳаллаҳо бо маром идома доранд.

Дар ҳамин замина дар ташкилоти ибтидоии “М. Ибронов” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  маҷлис баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва роҳбари ташкилоти ибтидоии номбурда   Тағоев С. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Орзу Ҳамидиён дар рафти мулоқот баромад намуда, қайд кард, ки ҳар як давлату Ҳукумат нахуст ба солимгардонии маънавиёти халқи худ кӯшиш мекунад ва дар айни замон гурӯҳҳои манфиатҷӯву тахрибкор, ба монанди ТТЭ ҲНИТ, Гурӯҳи – 24, Озодандешон ва ғайраҳоро метавон ном бурд, ки бо ифротсозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум тамоми кӯшишҳои худро равона сохта истодаанд. Аз ин рӯ, лозим донистем, ки ҷиҳати ҳифзи мафкураву маънавиёти ҷомеа аз хатарҳои муосири ҷаҳонӣ ва огоҳӣ аз мақсаду ниятҳои нопоки гурӯҳҳои ифротӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа нишасту вохӯриҳоро анҷом диҳем.

Дигар иштирокчиён дар идомаи суҳбат бо навбат оид ба рафтори нангину мусибатовар ва разилонаи гурӯҳҳои ифротӣ андешаронӣ карда, расидан ба шароити арзандаи зиндагиро аз роҳи ваҳдату субот, сулҳу оромӣ ва меҳнати софдилонаву содиқона унвон намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg