БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ ДИЁР ШАРАФИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Вобаста ба татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии “Лолазор” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар рафти    суҳбат  намояндагони ҳизби ноҳия атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХТ, сиёсати инсондӯстонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту ободии кишвар ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ андешаронӣ карда, ҳамагонро барои ҷавобан ба ғамхориҳои беназири Пешвои миллат ба корҳои бунёдкорӣ даъват намуданд.

Инчунин,дар идома аз ҷониби масъулин гуфта шуд, ки  ба  вуҷуд овардани мафкураи зиддикоррупсионӣ дар миёни аҳолӣ, ҳамкории  аҳолӣ бо мақомотҳои давлатӣ дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бо  ташаббуси Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани  84  нафар  ноболиғ  аз  давлатҳои ҷангзада ва фаҳмонидани моҳияти ҷанбаҳои динии моҳи шарифи Рамазон  суханронӣ намуд.

Вобаста  ба  татбиқи қисмати  амалии Аксияи ҳизбии  «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳи деҳаи худро, ки бар асари боридани борони  сел корношоям гардида буд, сангфарш  карданд.ф

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg