ПАНҶ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Навобод-1»-и ҷамоати деҳоти Меҳвар вохўрӣ доир гардид.
Масъулон зимни сухаронӣ қайд намуданд, ки ҳизбиёнро мебояд бо мардуми маҳал ҳамкориро густариш дода, иртиботро бо деҳот пурзӯр намуда, вазифаи ҳар шаҳрвандро дар раванди рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар муайян созанд.
Боиси қайд аст, ки Давлату ҳукумат ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакатро ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ амалӣ намуда истодааст.