
МӮЪМИНОБОД.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Дараи Ҳаваш»-и ноҳияи Мӯъминобод оид ба татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ масъулин оид ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла ҳадафҳои созандаи он, ки ба пешрафту шукуфоии Ватан равона гардидааст, андешаронӣ намуда, сокинонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят карданд.